Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дуюмин урдӯгоҳи ҷавононро оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар Тоҷикистон таҳти унвони“Ҷавонон барои ҷомеаи бехатар” дастгирӣ намуд. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, 39 нафар ҷавонони пешқадами синну солашон аз 14 то 20 ва 6 нафар кормандони милитсия аз ноҳияҳои Рашт, Ҷиргатол, Қумсангир, Фархор, ш. Қайроққум ва Бобоҷон Ғафуров дар урдӯгоҳи мазкур ширкат варзиданд.  Шӯъбаи Сафорати ИМА оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (INL) ва иҷрокунандаи лоиҳа "Эмерҷенс Групп” ҷиҳати баланд бардоштани қобилиятнокии  гуруҳҳо оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкории милитсия бо ҷомеа тавассути ташкили урдӯгоҳҳои ҷавонон ҳамкорӣ намуданд.  Гузаронидани чунин урдӯгоҳҳо ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ  миёни ҷавонон ва милитсия,  сайқал додани  дониш ва малака дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкории милитсия ва ҷомеа, муайян  намудан ва  ҳалли мушкилоти ҷавонон мусоидат мекунад.

Барномаи урдӯгоҳ аз сессияҳои омузишӣ оид ба ҳамкорӣ, ҳалли якҷояи мушкилот, ва инчунин чорабиниҳои интерактивии гурӯҳсозӣ иборат буд.  Дар урдӯгоҳи мазкур ҷавонон аз созмони  ғайриҳукуматии “Ғамхорӣ”-и Қурғонтеппа намоиш нишон доданд.  Ҷавонон бо мақсади  ҷалби иштирокчиён ба ҳалли мушкилоти марбут ба имконият надоштан ба маълумот, зуроварӣ дар оила, хариду фурӯши одам  ва истифодаи маводи мухаддир усули эъҷодиро истифода бурданд. Инчунин иштирокчиёни урдӯгоҳ моделҳоро, ки  диди онҳоро дар бораи  ҷомеаи бехатар дарҷ намуданд,  омода намуда, бо лоиҳа ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷавонон кор карданд.  Хонум Сара Пенхьюн муовини  Сафир дар ин қисм ҳузур доштанд. “Ба кӯшишу ғайрати шумо нигариста, мо боварӣ ҳосил мекунем, ки ҷидду ҷаҳди шумо натиҷаҳои хуб медиҳад ва лоиҳаҳои шумо оид ба ҳалли мушкилот самарабахш хоханд буд”, иброз дошт хонум Сара ба ҷавонон баъди хатми презентасияҳои  онҳо .  Зани ҷавоне  аз ноҳияи Фархор қайд кард  “Дар якҷоягӣ мо қодирем, ки  ҷомеамонро таъғир диҳем;  мо бояд ҳамкориамонро  бо милитсия барои ба ин мақсад ноил гардидан вусъат диҳем”.

Ҳукумати ИМА барои дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сектори институтҳои адлияи Тоҷикистон омода ҳаст ва  ҳамкории судмандро бо Ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмин намудани бехатарии шахрвандон идома медиҳем.  Аз соли 2003 то инҷониб  Шӯъбаи Сафорати ИМА оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 52 миллион долларро  барои таъмини амният ва адолат ба халқи Тоҷикистон ҷудо намудааст.