Ба ду масҷиди намози панҷгонаи ноҳияи Ҳисор барои гузаронидани намози ҷумъа иҷозат дода шуд.

Тавре ба islamnews.tj сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ Солеҳҷон Завқиев хабар дод, дар маҷмуъ ҳукуматдорони ноҳия бо ин мақсад 10 масҷидро пешниҳод кардаанд, вале танҳо ду масҷид ба талаботи зарурии баргузории намози ҷумъа ҷавобгӯ будаанд.

«Ба масҷидҳои намози панҷгона барои ба ибодаткунандагон мусоиду қулай будани баргузории намози ҷума иҷозат дода мешавад. Ахиран шумори хоҳишмандони иштирок дар намози ҷумъа рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва дар масҷидҳои намози ҷумъаи амалкунанда ба ибодаткунандагон ҷой намерасад», - қайд кард Завқиев.

Ба гуфтаи ӯ, зимни додани иҷозатнома як қатор талабот, аз қабили шароити мусоид барои ибодат, ҷавобгӯ будани масҷид ба талаботи санитариву гигиенӣ, экологӣ ва меъмориву бехатарии сӯхтор ба инобат гирифта шуданд. «Ҳамчунин дар назди масҷидҳо бояд истгоҳ барои автомашинаҳо мавҷуд бошад, то ки автомашинаи зиёд дар як ҷо ҷамъ нашуда, ба ҳаракати нақлиёт халал нарасонад», - таъкид кард Завқиев.

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли равон дар ноҳияи Ваҳдат ба 19 масҷиди намози панҷгона гузаронидани намози ҷумъа иҷозат дода шуд. Дар ҳамин ҳол, суди шаҳри Ваҳдат яке аз масҷидҳои маъруфи шаҳр – масҷиди «Муҳаммадия»-и оилаи Тӯраҷонзодаҳоро аз мақоми масҷиди ҷомеи намози ҷумъа маҳрум кард.

Соли 2011 дар Тоҷикистон 3 ҳазору 835 масҷид амал мекард ва пас додани шаҳодатнома ба 47 масҷиди нав дар таърихи 16-уми феврал шумори онҳо ба 3 ҳазору 882 адад расид.

Завқиев зикр кард, ки феълан ба 1 масҷид бо шумули занону ноболиғон, ки ба масҷид намераванд, 1,9 ҳазор нафар аҳолӣ рост меояд.