Гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаи риояи ҳуқуқи инсон ба солимӣ Ананд Гровер аз 24-уми май то 1-уми июни соли равон бо даъвати ҳукумати ҷумҳурӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, қабл аз сафар А.Гровер гуфтааст, ҳадафи сафари ӯ дар ҷалби ҳукумат, шарикон оид ба рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри ҳалли мушкилоти молиявии ба низоми тандурустии Тоҷикистон хос ифода меёбад.

«Низоми мазкур ба маблағгузориҳои хусусӣ, ки қисмати зиёди хароҷот ба соҳаи тандурустии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ниёзи ҷиддӣ дорад», - иброз доштааст гузоришгар.

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки нияти баррасии масоили марбут ба солимии рӯҳӣ ва табобати бемории силро дар нақша дошта, таваҷҷуҳи мақомоти дахлдорро ба мушкилоти тамғагузорӣ (стигма) ва поймолкунии ҳуқуқ ҷалб карданист.

Гузоришгари махсуси СММ доир ба хулосаҳои пешакии бардошта аз сафар рӯзи 31-уми май дар шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ доир месозад. Ӯ пас аз сафар ба Озарбойҷон ба Душанбе меояд.

Ёдрас мекунем, ки аз 10 то 18-уми майи соли равон гузоришгари вижаи СММ оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендес ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод.