Ба муносибати рузи кудакон, ки имруз дар саросари чахон чашн гирифта мешавад, вазорати мехнат ва хифзи ичтимоии ахолии Точикистон чорабинии идонаро барои беш аз 200 кудакони тарбиятгирандаи хонаи кудакони «Чорбог» доир менамояд.

Фардо, 2-юми июн соати 9 дар саридораи хизби нахзати исломии Точикистон барномаи фарханги-фарогати барои хамаи кудакони хохишманд баргузор мешавад. Хамчунин театри Лухтаки Точикистон намоиши «Рубохи маккор»-ро пешниход хохад кард.

Кобили зикр аст, ки шоми дируз дар боги фархангу истирохати пойтахт бо супориши раиси шахри Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев икдомоти махсус бо номи «Иди хурсанди» аз чониби нашрияи Вечёрка доир карда шуд.

Ба иттилои вазорати мехнат ва хифзи ичтимоии ахолии айни замон дар миёни ахолии 8 миллионнафараи Точикистон 3 миллион нафарро кудакон ташкил медиханд.

Аз ин теъдод, 30 хазор кудакон бо имкониятхои махдуд мебошанд. Бояд гуфт, рузи кудакон аз 1-уми июни соли 1950 инчониб кайд карда мешавад.