Соҳибкори хусусӣ Раҷабгул Довудова аз раиси шаҳри Кӯлоб кафолати ҷудо кардани бино барои сохтмони корхонаи хурди истеҳсоли рангҳои маишӣ ва сохтмониро гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов хабар дод, таҷҳизоти корхонаи хурд аз Чин оварда шуда, ин корхона нахустин корхонаи истеҳсолӣ миёни 12 корхонаҳои хурди дигаре хоҳад буд, ки ояндаи наздик дар ноҳияи Кӯлоб таъсис дода мешаванд.

«Дар ҳар кадоме аз 4 ҷамоатҳои ноҳияи Кӯлоб тасмим гирифта шудааст, ки на камтар аз 3 корхонаи истеҳсолӣ оид ба коркади сабзавоту мева ва молҳои мавриди ниёзи рӯзмарраи мардум таъсис дода шавад», - гуфт номбурда.

Ба гуфтаи раиси шаҳр, имрӯз 22 корхонаи хурди шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар муқоиса бо 27 корхонаҳои бузурги таъиноти саноатӣ ба андозаи 20-30% бештар маҳсулот истеҳсол мекунанд. «Ва ин ҳисса сол то сол рӯ ба афзоиш хоҳад ниҳод», - афзуд Раҳмонов.