Шурӯъ аз 1-уми июн интернет-провайдерон ё худ ширкатҳои дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон ба пардохти андози аксизӣ дар ҳаҷми 3% шурӯъ мекунанд. Дар Тоҷикистон андози мазкур ҳанӯз 1-уми январи соли 2011 ҷорӣ гардида буд, вале масъалаи пардохти он аз ҷониби интернет-провайдерон танҳо моҳи ноябри соли 2011 ба миён гузошта шуд.

Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон Парвина Ибодова мегӯяд, онҳо ба тамоми мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар бораи бекор кардани ин андоз муроҷиат кардаанд, вале посухҳо ҳамеша ба манфиати Кумитаи андоз сурат гирифтаанд ва акнун провайдерон маҷбуранд, ки андозро пардохт кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи андози ба таъхир гузошташудаи давраи аз 1-уми январи соли 2011 то 1-уми июни соли 2012-ро ширкатҳо аз ҳисоби худ мустақилона пардохт мекунанд, вале аз 1-уми июни соли ҷорӣ тарофаҳои истифодаи интернет ба самти болоравӣ мавриди бозбинӣ қарор мегиранд.

«Чанде аз ширкатҳои дастраскуни Интернет аллакай тарофаҳоро бозбинӣ карда, дигарон онро мавриди ҳаллу фасл қарор додаанд. Арзиши хизмтгузориҳои истифодаи Интернет барои аҳолӣ ба ҳисоби миёна 4% афзоиш хоҳад ёфт», - гуфт ӯ.

Дар ширкати «Истера» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз 1-уми июн тарофаҳои истифодаи интернет барои тамоми корбарони ширкат тақрибан 3,5-4% афзуда шудаанд.

«Пардохти маблағи ба таъхир гузошташуда дар маҷмӯъ ба рушди хизматгузориҳои истифодаи интернет таъсир расонида, ин маблағро ширкатҳо метавонистанд ба рушди соҳа равона созанд, вале имрӯз моро маҷбур месозанд, ки маблағи андози аксизии аз пеш мавқуфгузоштаро пардохт кунем. Бояд гуфт, ки чунин андозро ҳеҷ яке аз ширкатҳои дастраскуни интернет дар саросари ҷаҳон пардохт намекунад», - гуфтанд дар ширкати мазкур.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, шумори корбарони шабакаи Интернет миёни аҳолии қариб 8 миллионннафараи Тоҷикистон ба 2,1 млн. нафар расидааст.