Дар бинои Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон байни сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев, вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба омӯзиши касбӣ фаро гирифтани мухоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони бекор аз рӯи ихтисоси «пешхизмат» бо донистани забонҳои русӣ , англисӣ ва арабӣ бо иштироки бевоситаи роҳбароияти бархе аз меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе, назири Меҳмонхонаи Тоҷикистон ва Серена, инчунин Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалб намудани шаҳрвандони кишвар тасдиқ гардид.

Зимни тасдиқи Нақша - чорабинии мазкур вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадаминов Маҳмадамин аз нарасидани кадрҳои баландихтисос дар меҳмонхонаҳо ёддовар шуда, қайд кард, ки: «Мо бо инвасила метавонем тибқи талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ шаҳрвандони кишварро бо касбҳои замонавӣ ва муосир дар якҷоягӣ бо Шумо фаро гирем. Талаботи қувваи корӣ чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар сол то сол меафзояд ва мо бояд дар ин замина омода бошем ва ҷойҳои нави кориро таъсис диҳем».

 Дар навбати худ вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов низ баъди ба имзо расидан ва тасдиқи нақшаи чорабинии мазкур андешаҳои худро перомуни идомаи ҳамкориҳои сеҷониба чунин баён дошт: «Мо аз иқдомоти наҷиб ва ҳамкориҳои сеҷонибаи ояндадори байни Хадамоти муҳоҷирати назди хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи кишвар ибрози хушнудӣ намуда, идомаи чунин ҳамкориҳоро байни дигар вазорату идораҳо намунаи ибрат ва босамар донист».

Ӯ қайд намуд, ки « Имрӯз рақобат дар бозори меҳнати хориҷӣ пуршиддат мегардад ва моро зарур аст бо роҳу равишҳои нав ва касбҳои муосир, муҳоҷирати меҳнатиро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монем».

Дар ҷараёни ин дидор ва маросими ба имзорасии Нақша – чорабинии муштараки сеҷониба сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев нахуст дар бораи таҳаввулоти раванди муҳоҷират дар ҷаҳон, рақобатҳои пуршиддат ва оморҳои пешниҳод намудаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ишора намуда, аз хусусияти глобалӣ ва фарогир шудани ин падида дар ҷаҳон ёддовар шуд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират зимни сӯҳбат ҳамчунин ба Форуми иқтисодӣ, ки ахиран дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида буд, ишора карда, дар форуми мазкур теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ то соли 2025-ро дар ҷаҳон як миллиард нафар хондаанд.

«Ин омор ва арқом далолат аз он мекунад, ки талабот ба қувваи корӣ сол то сол дар бозори меҳнати дохилӣ ва ҳам бозори меҳнати хориҷӣ меафзояд ва мо бояд қабл аз сафар омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва арабиро бо дарназардошти аҳамияти масъала дар марказҳои таълимӣ бо омӯзиши касбҳои замонавӣ ба роҳ монем. Хизмати се сохтор дар ин самт басо муҳим аст», - гуфт ӯ.

 Дар ҷараёни сӯҳбат оид ба лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба бокортаъминкунии шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар давлатҳои ҳамдигар , ки ахиран бо Қарори ҲҶТ ба ҷониби Қатар бо роҳҳои дипломатӣ ирсол гардидааст, низ ишора шуд.