Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ сардори хадамот Сафиалло Девонаев изҳор кард, ки хадамот ният дорад, минбаъд ба ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳони араб бештар густариш бахшад.

«Масоили тавсеаи ҳамкориҳо ба давлатҳои хориҷи дур, аз ҷумла кишварҳои ҷаҳони араб дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ муносибати ҷиддиро тақозо мекунанд», - таъкид кард вай.

Ҳайати мушовараи хадамот оид ба тақвияти фаъолияти сохтори марбутаи Хадамоти муҳоҷират дар ин масъала қарор қабул намуд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамоти муҳоҷират ба масоили вазъи ҳифзи ҳуқуқ ва манофеъи муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар, таъмини муҳоҷирон ба касбҳои бозоргиру зарурӣ, омӯзиши забон, огаҳии муҳоҷирон аз қонунгузориву фарҳанг ва оинҳои миллии кишвари будубош таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҳамчунин нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда дар нимсолаи дуюми соли равон баррасӣ ва қабул шуд.