Бо дастгирии молиявии ҳукумати Ҷопон дар ҷмоати Нушори ноҳияи Тоҷикобод бинои нави мактаби таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Ҷопон дар Душанбе хабар доданд, «Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёнаи № 8 дар ҷамоати Нушор бо маблағи умумии ҳудуди 107 ҳазор доллари ИМА дар чаҳорчубаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дастгирӣ ёфта, муваффақона ба итмом расид.

Дар маросими ифтитоҳи мактаби нав сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахашӣ, раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳсуейн Алиев ва намояндагони Вазорати маорфи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

«Бо дастгирии ҳукумати Ҷопон ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ноҳияи Тоҷикобод бинои мактаби нав бо шаш синфхона сохта шуд. Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ноҳияи Тоҷикобод бо таҷҳизотҳои нав мисли мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва ҷевонҳо муҷҷаҳазонида гаштанд. Қаблан 425 нафар толибилм дар се баст таҳсил намуда, ҳатто китобхона ба сифати синф истифода мешуд. Муҳити таълими нав барои мактаббачагон омӯзиш дар ду баст имкон медиҳад», - гуфтанд дар сафорат.

Аз ин пеш сафири Ҷопон дар ҶТ дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани пул дар болои дарёи Қизилсӯи ҷамоати Лахши ноҳияи Ҷиргатол иштирок кард.  Дар сафорат зикр карданд, ки азнавсозии пули мазкур ва таъмиру барқарорсозии роҳ дар ин ҷамоатро ҳукумати Ҷопон дар ҳаҷми беш аз 112 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ кард.

Дар худи ҳамон рӯз, ҷаноби Ҳиройуки Иахашӣ ва ҷаноби Назирхуҷа Мирзоев, ҷонишини раиси ноҳияи Рашт, дар маросими ифтитоҳи сохтмони нерӯгоҳи хурди обии барқӣ (НОБ) дар ҷамоати «Ҳоит», ноҳияи Рашт ширкат вазидаанд.

Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ барои «Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи хурди обии барқӣ (НОБ) дар ҷамоати «Ҳоит», ноҳияи Рашт» кӯмаки грантӣ ба маблағи умумии 95.565 доллари ИМА расонид.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ 282 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $21.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.