Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» - Дар нимсолаи аввали соли равон бо ҷорӣ гардидани низоми ягонаи муштараки онлайн барои санҷиши вуруду хурӯҷи шаҳрвандон ба қаламрави Русия ба 1,1 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон парвоз ба Русия иҷозат дода нашуд, - изҳор кард зимни нишасти хабарӣ директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Холиқов.

Ба гуфтаи вай, ин натиҷаи хуб аст, зеро бо манъи саривақтии парвози ин нафарон ба Русия истирдоди онҳо аз Русия пешгирӣ шуда, маблағашон ҳам сарфа шуд.

Р.Холиқов ҳамчунин гуфт, бо вуҷуди ин, ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки шаҳрванди аз Тоҷикистон санҷишро гузашта боз аз Русия ба ватан баргардонида шудааст.

«Чунин ҳолатҳо ба он вобастаанд, ки низоми Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия танҳо 80 дарсади афроди вурудашон ба Русия манъбударо фаро мегирад ва 20дарсади боқимонда дар рӯйхати Хадамоти федералии амнияти Русия қарор доранд, аммо то ҳанӯз ин хадамот маъълумот дар бораи ин шахсонро пешниҳод намекунад», - гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки низоми ягонаи онлайн аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия созмон дода шуда, муддати тамоми шабонарӯз фаъол аст. Тавассути ин низом ҳар нафари хоҳишманд бо пешниҳоди шиноснома дар муддати якчанд дақиқа то харидани билет метавонад дар бораи иҷозат ё манъи сафараш ба Русия маълумот ба даст орад.