Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» - Барномасозони тоҷик замимаи мобилии тақвими моҳи шарифи Рамазон – «Tagvim-2012»-ро таҳия намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз таҳиягарони барнома Бахтиёр Баҳриддинов хабар дод, дар барнома ҳамчунин тафовути вақт миёни минтақаҳои кишвар ба инобат гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби барномасозони тоҷик ҳамчунин луғати тоҷикиву русӣ ва русиву тоҷикӣ низ таҳия гардидааст, ки аз 82 ҳазор калима иборат аст. «Тақвим ва луғатро метавон аз сомонаи wap.smart-soft.tj ба таври ройгон барои худ дастрас намуд», - гуфт вай.

Баҳриддинов мегӯяд, айни замон замимаҳо танҳо барои низомҳои фаврии Java ва Smartphone пешбинӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, ин барномаҳо ҳамчунин дар низомии амалиётии Microsoft Windows низ насб мешаванд.

Номбурда афзуд, аз луғати таҳияшуда муҳоҷирони кории тоҷик метавонанд бемалол истифода намоянд, зеро тарзи кор бо он хеле мусоиду қулай аст.