Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт» озмун эълон кард. Дар ин бора қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ дод, озмун муддати 1 моҳ - аз 25-уми июл то 25-уми августи соли равон ҷараён хоҳад гирифт.

«Довталаб бояд ҳатман соҳиби маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад. Ба довталабони дар соҳаи журналистика таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта ва донишгоҳу донишкадаҳои  ҷумҳурӣ ва хориҷи кишварро хатм намуда  афзалият дода мешавад», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, натиҷаҳои озмун на дертар аз 30-юми августи соли 2012 эълон карда хоҳанд шуд.