Бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия моҳи июл дар шаҳри Маскав як гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии мазкур иттилоъ доданд, мутобиқи мувофиқаи ҳосилшуда миёни намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва мақомоти раҳбарии ширкати «Акваградстрой»-и шаҳри Маскав, 52 нафар муҳоҷирони кории тоҷик бо ҷойи кор дар ин ширкат таъмин гардида, музди меҳнати моҳонаи онҳо 20 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, муҳоҷирони тоҷик асосан ба иҷрои корҳои рангмолӣ, андовакунӣ, сантехникӣ ва ба сифати коргарони ёридиҳанда машғули кор мешаванд.

«Коргарони муҳоҷир ҳамзамон бо манзили зист таъмин карда мешаванд, ки айни замон барои муҳоҷирон аз кишварҳои узви ИДМ масъалаи муҳим ба шумор рафта, аз таҷрибаи мусбати мақомоти раҳбарии ширкати «Акваградстрой» ба сифати корфармо гувоҳӣ медиҳад», - иброз доштанд дар намояндагии Хадамоти муҳоҷират.