75 нафар кӯҳнавардони хориҷӣ ба қароргоҳи назди доманакӯҳи қуллаи дар қаламрави ИДМ баландтарини Исмоили Сомонӣ (собиқ қуллаи Коммунизм) оварда шуданд.

«Соли равон экспедитсияи кӯҳнавардон ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бахшида шуда, фатҳи қуллаи беном сурат мегирад ва ин қулла «Қуллаи 20-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон» номгузорӣ хоҳад шуд», - гуфт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Ассостсиатсияи рушди индустрияи сайёҳии Тоҷикистон Давлат Ҳабибов.

Ғайр аз ин, ба қавли Ҳабибов, сайёҳон ҳамчунин ба фатҳи қуллаҳои Корженевский (7105 метр) ва қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 метр), ки миёни кӯҳнавардон писандида аст, низ имкон пайдо хоҳанд кард.

Бино ба маълумоти Ҳабибов, ҳайати экспедитсияи мазкур аз 115 нафар кӯҳнавардони 18 кишвари дунё иборат аст. Айни замон ба қароргоҳи доманакӯҳ гурӯҳи аввалини сайёҳон иборат аз 75 нафар интиқол дода шуданд. Боз аз интиқоли 10 нафар сайёҳони дигар интизорӣ меравад.

«Сол то сол шумори иштирокчиёни экспедитсия дар ҳоли афзоиш аст, - мегӯяд Давлат Ҳабибов. – Соли гузашта ҳайати кӯҳнавардон аз 87 нафар иборат буд. Соли ҷорӣ сарфи назар аз қазияи номатлуби ахир дар кишвар, шумори иштирокчиёни экспедитсия афзуд. Ин ҷо мебояд ба инобат гирифт, ки қаламрави даргириҳои ахир низ аз макони экспедитсия хеле дур воқеъ аст».