Чанде қабл дар машварати кории мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи амалисозии қарор «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» баррасӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар ин зимн раиси пойтахт қабл аз ҳама ба кулли шахсони воқеию ҳуқуқие, ки дар татбиқи Қарори мазкур бо ҳисси масъулият ва ташаббуси шахсӣ муносибат намуданд, аз номи Роҳбарияти шаҳр изҳори сипосмандӣ намуда, соҳибкорону тоҷирон ва директорони бозорҳои коммуналию хусусиеро, ки баҳри ғановати дастурхони сокинон ба фурӯшгузории маҳсулоти зикргардидаро аз рӯи нархҳои муайянгардида таъмин накарданд, мавриди интиқод қарор дод.

«Дар робита ба таъминоти ғановати бозори истеъмолӣ  ва воридоти миқдори зарурии 12 намуди маҳсулоти мавриди таваҷҷӯҳ дар шаҳри Душанбе, илова ба тадбирҳои андешидашуда муқаррар гардид, ки масъалаи назорат, ташкили воридот ва аз рӯи нархҳои муайянгардида ба фурӯшгузории орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон ба зиммаи Раёсати гумруки шаҳри Душанбе, гӯшт ва тухм - ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе, картошка, сабзӣ ва пиёз – ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, равғани растанӣ, биринҷ ва шакар – ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ва шир ба зиммаи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Н. Комилов  вогузор гардад», - гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт, ба тоҷирон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон як кг гӯшти говро 29, гӯшти говмешро 19, гӯшти гӯсфандро 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистонро то 110, 1 л. равғани растаниро то 8, як кг биринҷи ватаниро то 7, як кг шакарро то 5, 1 л. ширро то 3, як кг картошкаро то 2, як кг сабзиро то 2,2, як кг пиёзро то 1,1 ва 1 дона тухмро то 0,6 сомонӣ ба фурӯш бароранд.