Зариф Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати ҳамтои худ – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Санкт-Петербурги  Федератсияи Россия А.В. Шишлов ва бо мусоидати Намояндагии созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 23-26 апрели соли 2013 сафари корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ, ҳангоми сафар З.Ализода бо ҳамтои худ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки мақсади асосии он ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин минтақаи Федератсияи Россия мебошад. Бояд қайд кард, ки ин аввалин чунин Созишнома набуда, қаблан чунин Созишномаҳо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия ҷаноби Лукин В.П. ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловски Федератсияи Россия ба имзо расида буданд.

Бо мақсади мусоидат ба ҳалли проблемаҳои муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Ализода инчунин бо як қатор роҳбарони мақомоти давлатии ин минтақа вохӯриҳо анҷом дод. Аз ҷумла, бо роҳбарияти Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар минтақа, роҳбарияти Сарраёсати Федералӣ оид ба иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, Раиси Кумита оид ба кор ва шуғли аҳолии Ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург вохӯриҳо анҷом дода, аз Маркази ягонаи муҳоҷирати ин шаҳр боздид анҷом дод.

Дар рафти сафар З.Ализода ҳамчунин бо Консулии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар ин минтақа ва муҳоҷирони меҳнатии дар Маркази ягонаи муҳоҷирати шаҳри Санкт-Петербург вохӯриҳо анҷом дода, оид ба ҳалли проблемаҳои мавҷудаи муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокимаҳо сурат гирифт.

Сафари кории З.Ализода барои ҳамкориҳои намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъиятҳои тоҷикон, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи онҳо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ин минтақа ва дигар мақомоти давлатии он барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ заминаи муҳим фароҳам овард.

Ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони минтақаҳои Федератсияи Россия идома дорад.