Сокинони қишрҳои гуногуни аҳолии шаҳри Кӯлоб масъалаи табдили мораторияи 9-солаи ҳукми қатл ба бекор шудани он дар Тоҷикистон ва ё дар Кодекси ҷиноии ҶТ боқӣ гузоштани онро дар як вохӯрӣ баррасӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Зариф Ализода хабар дод, шурӯъ аз соли 2010 гурӯҳи кории махсус дар робита ба ин масъала таҳқиқот гузаронида, миёни аҳолӣ назарсанҷиҳо доир менамояд.

Ба қавли ӯ, дар паёми имсолаи президент ба парлумон зарурати мушаххас кардани масъалаи мазкур таъкид гардида, гурӯҳи корӣ марҳилаи ниҳоии таҳқиқотро оғоз намуд.

«Пешакӣ алҳол чизе гуфта наметавонам, вале таассурот аз вохӯриҳову семинар ва суҳбатҳо гувоҳи онанд, ки аксари аҳолӣ ҷонибдори бекор кардани ҳукми қатл мебошад», - гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кафолатҳои конститутсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Музаффар Ашӯров ва профессори ДМТ Тақдиршо Шарифов ба саволҳои сершумори ҳозирин оид ба масоили ҳуқуқӣ посух гуфтанд.