Шоири тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ Аскар Ҳаким аз болои ҳафтавори «Самак» ба додгоҳ шикоят бурда, барои паст задани шаъну эътибор ба сифати ҷуброни маънавӣ пардохти 150 ҳазор сомонӣ (1 $ = 4,75 сомонӣ) маблағро тақозо намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардабири ҳафтавори «Самак» Ҷасур Абдуллоев хабар дод, даъвогар ба мақолаи санаи 20-уми март чопшуда дар ҳафтавор тахти унвони «Зиёиёни бемушкили тоҷик» ишора дорад, ки дар он перомуни Иттифоқи рассомон сухан мерафтааст, вале ба иллати иштибоҳи фаннӣ ба ҷойи Иттифоқи рассомон Иттифоқи нависандагон дарҷ шуда, замони рӯйдодҳои мақола ба вақти дар мансаби раиси Иттифоқи нависандагон қарор доштани Аскар Ҳаким рост омадааст.
Ба қавли ӯ, дар шумораи баъдии ҳафтавор барои иштибоҳи фаннӣ узри ҳайати идора интишор шуда, сипас ду маротиба дар ҳафтавор раддияи худи Аскар Ҳаким низ ба табъ расидааст.
«Вале ин ҳам кофӣ набудааст ва имрӯз ба мо аз суди ноҳияи Фирдавсӣ нусхаи даъво расид, ки дар он Аскар Ҳаким барои зарари маънавӣ пардохти ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 150 ҳазор сомониро талаб кардааст», - иброз дошт Ҷ.Абдуллоев.
«Самак» ҳафтоври Маркази тадқиқоти журналистӣ буда, аз соли 2011 нашр мешавад.
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
“Либоси миллиро бо меъёри шаръӣ пӯшед”. “Ҳимоят”-и муфтии Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона”
Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон шинос шуд
“Парвози ҳунар”. Таҷлили 70-солагии умр ва 50-соли фаъолияти эҷодии ҳунарпеша Бурхвалӣ Ғуломҳайдар
Дар роҳи “Душанбе-Чаноқ” ба равуои нақлиёти гаронвазн маҳдудият ҷорӣ шуд
Сафи муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон дар Русия сол то сол камтар мешавад
Даромади солона аз канали Қуштеппа дар Афғонистон 500 млн доллар арзёбӣ шуд
Дар роҳҳои Душанбе дурбинҳои худкор ва радарҳо фаъол мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста