Боздошти мудири кафедраи забони русӣ ва адабиёти Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд Ҷаннат Усмонова аснои гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса ягона ҳолати фасод аст, ки дар низоми маориф дар давраи имтиҳоноти имсолаи дохилшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Нуриддин Саидов, вазири маорифи кишвар рӯзи 8-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
«Ман аллакай роҷеъ ба қазияи Усмонова бо муовинони раиси вилояти Суғд ва директори Коллеҷи омӯзгорӣ сӯҳбат кардам. Мутаассифона, ин ҳолат бо омӯзгоре рӯй дод, ки 40 сол собиқаи корӣ доштааст. Ман дар бораи ин қазия ба андозаи намояндагони расонаҳои хабарӣ воқифам», - иброз дошт вазир.
Саидов гуфт, ки соли ҷорӣ ҳолатҳои дигари фасод ба қайд гирифта нашудаанд. Ба қавли вазир, сарфи назар аз чунин маълумот, ӯ медонад ва мефаҳмад, ки имрӯз маҳз фасод яке аз мушкилоти доғ дар низоми маориф боқӣ мемонад.
Тавре мавсуф иброз дошт: «Ҳарчанд сатҳи ҳолатҳои ришвахорӣ сол то сол рӯ ба коҳиш ниҳода истода бошад ҳам, аммо мо наметавонем яқин гӯем, ки фасод дар низоми маориф дида намешавад. Чунки, тавре шумо мефаҳмед, низоми маориф калонтарин соҳа маҳсуб мешавад ва барои аз байн бурдани равзанаҳои фасод вақту заҳмати зиёд лозим аст».
Ба қавли Саидов, вазорат аллакай чандин усули ҷилавгирӣ аз амалиёти ришвахориро дарёфт кардааст. Яке аз усулҳое маъруф дар хориҷа гузаронидани имтиҳоноти дохилшавии мутамарказонида ба шумул меравад. Вазир чунин меҳисобад, ки дар ҳоли ин тарзи фаъолият Маркази миллии тестӣ расман соли оянда роҳандозӣ шуда, барои фасод ҷой нахоҳад монд.
Ба суоли рӯзноманигорон, ки оё паст будани маоши омӯзгорони мактабҳо ва донишгоҳҳо иллати асосии фасод дар низоми маориф нест, Саидов гуфт, имсол аз буҷаи давлат барои соҳаи маориф 2 миллиарду 130 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
«Тибқи паёми моҳи апрелии президент ба порлумони кишвар, соли 2012 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ба 60% баланд бардошта шуд. Имсол, ба қавли раисиҷумҳур, бояд музди меҳнати омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ боз ба 30% баланд бардошта шавад», - иброз дошт вазир.
Дар робита Саидов изҳори боварӣ кард, ки сол аз сол вазъи соҳаи маориф рӯ ба беҳбудӣ хоҳад ниҳод.
Ҳар як кӯдаки сеюм дар Тоҷикистон ба серӣ хӯрок намехӯрад
Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ
Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад
Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад
Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
“Либоси миллиро бо меъёри шаръӣ пӯшед”. “Ҳимоят”-и муфтии Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона”
Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон шинос шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста