Муаллимони баъзе мактабҳои ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон давоми беш аз 5 моҳ маош нагирифтаанд.
Тавре зимни нишасти хабарӣ раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Иброҳим Азизов хабар дод, дар ду ноҳияи вилояти Хатлон – Шаҳритус ва Ёвон қарздорӣ аз рӯйи пардохти музди меҳнат ба қайд гирифта шудааст.
Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф Ҳабибулло Раҳматов изҳор дошт, ки дар ноҳияи Шаҳритус бо сабаби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андоз музди меҳнати омӯзгорон дар давоми 5 моҳ пардохт нагардидааст.
Раҳматов ҳаҷми умумии маблағи пардохтнашударо дақиқ гуфта натавонист, аммо таъкид кард, ки бо дастури раиси вилояти Хатлон барои пардохти маоши муаллимон аз буҷаи вилоятӣ маблағи зарурӣ ҷудо гардидааст.
Дар ҳамин ҳол муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Лутфия Ёқубова овозаҳоро дар хусуси ҷой доштани қарздории ноҳия дар назди муаллимон рад кард. «Муаллимони мо аллакай музди рухсатии худро мегиранд ва дар ноҳияи мо мушкилӣ дар самти дер пардохт шудани маош ҷой надорад»,- таъкид кард ӯ.
Дар Нозироти меҳнати вилояти Хатлон низ хабари пардохт нашудани музди меҳнати омӯзгоронро тасдиқ карданд. Яке аз омӯзгорони ноҳияи Шаҳритус ба шарти он, ки номаш махфӣ нигоҳ дошта шавад, хабар дод, ки қисме аз мактабҳои ноҳия аз моҳи феврал инҷониб маош нагирифтаанд.
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
“Либоси миллиро бо меъёри шаръӣ пӯшед”. “Ҳимоят”-и муфтии Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона”
Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон шинос шуд
“Парвози ҳунар”. Таҷлили 70-солагии умр ва 50-соли фаъолияти эҷодии ҳунарпеша Бурхвалӣ Ғуломҳайдар
Дар роҳи “Душанбе-Чаноқ” ба равуои нақлиёти гаронвазн маҳдудият ҷорӣ шуд
Сафи муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон дар Русия сол то сол камтар мешавад
Даромади солона аз канали Қуштеппа дар Афғонистон 500 млн доллар арзёбӣ шуд
Дар роҳҳои Душанбе дурбинҳои худкор ва радарҳо фаъол мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
содик10 июл, 2013 23:27
Соли гузашта махз дар хамин давра низ муаллимони Шахритус аз маош махрум буданд ва танхо пас аз дар Радиои Точикистон мавриди интикоди шадид карор гирифтани шуъбаи маорифи нохия ва муносибати хеле дагалонаи рохбари он - Сайфидин Талбаков бо омузгорон,маоши муаллимон дархол пардохт шуда буд. Бояд донист,беадолативу бесалохиятие, ки дар ин нохия нисбат ба омузгорон ва умуман нисбат ба мардум хукмрон аст, дар хеч кадом нохияи кишвар вучуд надорад. Ва журналистони боинсоф метавонанд бо муаллимони ин нохия вохурда, ин холатро бе душворй собит намоянд.