Матлаби муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-Плюс” Олга Тутубалина зери унвони “Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён” (“Неинтелегентно об интеллигенции ” ) мухолифи ягон банди «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» нест. Ба чунин хулоса Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти ҷаласаи навбатии худ омадааст.
Тавре Раиси Шӯро Шарифзода Қироншоҳ ба Хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ дод, азбаски матлаби батабърасонидаи Ольга Тутубалина “ Неинтеллигентно об интеллигенции» танҳо назари шахсии муаллиф буда, дар он нишонаҳои таҳқир ба унвони шахси мушаххас вуҷуд надорад ва ба ягон банди “ Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мухолифат надорад, ҳангома сохтан аз ин мавзӯъ ба манфиат нест. Ин дар ҳолест, ки тибқи банди 4-и “ Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» баёни андешаи ашхос мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор намегирад”.
“ Баръакс дар вокунишҳои матбуотӣ вобаста ба матлаби “ Неинтеллигентно об интеллигенции» ҳолатҳои халалдор шудани аз ҷумла бандҳои 5, 7, 9 –и “ Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” ба чашм мехурад. Аз ин рӯ, лозим аст, ки кормандони идораҳои ВАО ҳангоми омода ва интишор намудани ҷавобия ва матолиби мубоҳисавии ҳаммонанд, масъулияти бештар зоҳир намоянд”, - қайд кард Шарифзода.
Ҳамзамон Шӯро аз журналистон хоҳиш карда, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ меъёри банди 16-и “ Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро, ки дар он омадааст - “ Журналистон ВАО-ро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд”, аз мадди назар дур насозанд.
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
“Либоси миллиро бо меъёри шаръӣ пӯшед”. “Ҳимоят”-и муфтии Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона”
Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон шинос шуд
“Парвози ҳунар”. Таҷлили 70-солагии умр ва 50-соли фаъолияти эҷодии ҳунарпеша Бурхвалӣ Ғуломҳайдар
Дар роҳи “Душанбе-Чаноқ” ба равуои нақлиёти гаронвазн маҳдудият ҷорӣ шуд
Сафи муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон дар Русия сол то сол камтар мешавад
Даромади солона аз канали Қуштеппа дар Афғонистон 500 млн доллар арзёбӣ шуд
Дар роҳҳои Душанбе дурбинҳои худкор ва радарҳо фаъол мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста