Бештари озмоишгоҳҳои Марказҳои санитарию эпидимологӣ ва озмоишгоҳҳои байтории бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппа аз акредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд.
Дар ин бора Икромиддин Валиев, сарвари Маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Номбурда афзуд: «Ҳудуди 90% озмоишгоҳҳои марказҳои сантираю эпидимиологӣ ва озмоишгоҳҳои бозорҳои минтақа аз акредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд. Аз нуқтаи назари қонун бигӯем, ин озмоишгоҳҳо ҳуқуқи фаъолиятро надоранд».
- Аслан, мо бо ин ниҳодҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамкории наздик дорем. Аз ҷумла, бо Марказӣ санитарию эпидемиологии вилоят. Мо ҳамеша омодаем барои гузаронидани озмоишҳои ин ниҳодҳо дасти кӯмак дароз кунем, - гуфт Валиев.
Дар ин росто як корманди Маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа, ки нахост номаш зикр шавад, изҳор дошт, ки ҳаррӯза мутахассисони байтории бозорҳои минтақа аз деҳқонону фурӯшандаҳои бозорҳо намунаҳои маҳсулотро барои озмоиш гирифта, ба онҳо сертификати маҳсулот медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки озмоишгоҳҳои онҳо аз акредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд ва ҳуқуқи чунин амалиётро надоранд.
Воқеан, сари ин мавзӯъ чанд сол қабл сарвари собиқи Маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа Раҷабалӣ Тағоев низ изҳори нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти озмоишгоҳҳои бозорҳои минтақа ва Марказҳои санитарию эпидимиологии минтақа ғайриқонунианд.
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
“Либоси миллиро бо меъёри шаръӣ пӯшед”. “Ҳимоят”-и муфтии Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона”
Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон шинос шуд
“Парвози ҳунар”. Таҷлили 70-солагии умр ва 50-соли фаъолияти эҷодии ҳунарпеша Бурхвалӣ Ғуломҳайдар
Дар роҳи “Душанбе-Чаноқ” ба равуои нақлиёти гаронвазн маҳдудият ҷорӣ шуд
Сафи муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон дар Русия сол то сол камтар мешавад
Даромади солона аз канали Қуштеппа дар Афғонистон 500 млн доллар арзёбӣ шуд
Дар роҳҳои Душанбе дурбинҳои худкор ва радарҳо фаъол мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста