Муҷтамеъи маъмурии хадамоти иҷтимоии чаҳорошёнаи шаҳри Кӯлоб, ки ба муддати як сол мутаваққиф карда шуд, дигарбора мавриди таъмиру тармимқ қарор гирифтааст.
Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» намояндаи Оҷонсии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ботурхон Қурбонов хабар дод, бо мусоидати сарвари давлат бастаи молии ба соли 2014 муқарраршуда ба ин иншоотро пеш аз мӯҳлат ҷудо карданд.
Ба қавли ӯ, Вазорати меҳнат, ки фармоишгари сохтмон аст ва корҳои сохтмони иншоотро аз соли 2008 инҷониб ба ӯҳда дорад, маблағгузориро ба солҳо тақсим кардааст.
«Вазорат имкони якбора ҷудо кардани 6 миллион сомониро надорад, зеро дар сартосари Ҷумҳурӣ сохтмонҳои мухталиф ҷараён доранд»,-зикр кард ӯ.
Тибқи маълумоти Қурбонов, муҷтамеъ акнун то ба охири моҳи августи соли ҷорӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода хоҳад шуд. Тавре ҳамсӯҳбати оҷонсӣ таъкид дошт, иншооти мазкур на фақат барои хадамоти иҷтимоӣ, балки барои мардуми шаҳри Кӯлоб ва кулли минтақа хеле муҳим аст.
Тавре як манбаъ дар Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба «Азия-Плюс» хабар дод: «Хадамотҳои иҷтимоӣ, ки дар тамоми гӯшаю канори шаҳри Кӯлоб аксаран дар иншоотҳои садамотии қарни 20 титу парешон шудаанд, аз шароитҳои хубу муътадил баҳри хизматгузории аҳолӣ пурра маҳруманд». Мавсуф афзуд, ки дар шаҳр хадамотҳои минтақавии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии минтақаи Кӯлоб дар чунин вазъ қарор доранд.
«Агар қаблан мардум ба рафтуомадашон ба кулли ин идораҳо якчанд рӯзи худро сарф мекарданд, акнун пас аз мавриди истифода қарор додани муҷтамеъи воҳиди дорои базаи ягонаи маълумот, дар муддати ду соат ниёзи мардум конеъ карда мешавад», - гуфтанд мансабдорони маҳаллӣ.
Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ
Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад
Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад
Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
“Либоси миллиро бо меъёри шаръӣ пӯшед”. “Ҳимоят”-и муфтии Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона”
Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон шинос шуд
“Парвози ҳунар”. Таҷлили 70-солагии умр ва 50-соли фаъолияти эҷодии ҳунарпеша Бурхвалӣ Ғуломҳайдар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста