Раҳмонов дар ҳайрат аст, ки дар барномаи шахси мухолифи ҳукумат номаш ба гунае истифода мешавад, ки гӯё ӯ сабти видеоии тӯйи писари президентро ба Додоҷон Атовуллоев додааст.
Ба саволи журналист дар бораи воқеият доштани гуфтаҳои Атовуллоев бобати аз ҷониби худи Асадулло Раҳмонов ба ӯ дода шудани сабти видеоии тӯйи писари президент, раиси Кумита гуфт, чандин маротиба унвони худ ин гуна туҳматро шунидааст.
«Дар бойгонии мо чунин навор набуд ва чун шумо ҳама журналистони касбӣ ҳастед, хоҳиш, минбаъд кӯшиш кунед, ки ба сарчашмаои мӯътамад такя кунед, на ба ҳарзаҳои занҳои лаби об», - иброз дошт ӯ.
Ба саволи журналистон дар бораи мавриди бозпурсӣ қарор гирифтани операторони телевизион аз ҷониби кормандони КДАМ, ки овозаҳо дар ин хусус дар шаҳр паҳн шуда буданд, Раҳмонов посух дод, ки касе аз операторони телевизион ба КДАМ даъват нашуда буд.
Дар шарҳи масъалаи гоҳ-гоҳ қатъ шудани пахши барномаҳои шабакаи телевизиони мухолифи қазоқии «К+» дар қаламрави Тоҷикистон, Раҳмонов зикр кард, ки ҳукумати кишвар ба ин ҷараён ҳеҷ муносибате надорад.
Аммо раҳбарияти «К+» гумон дорад, ки қатъи пахши барномаҳои шабака ба намоиши барномаи тоҷикзабон бо иштироки журналисти мухолиф Додоҷон Атовуллоев рабт дорад, ки президенти Тоҷикистонро танқид мекунад.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи майи соли равон дар шабакаи телевизионии «К+» ва видеохостинги YouTube сабти видеоӣ аз маъракаи тӯйи хонадоршавии писари президенти Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуд. Муаллифи барнома Додоҷон Атовуллоев он замон изҳор дошта буд, ки сабти видеоӣ аз маъракаи оилавии президент аз ҷониби Асадулло Раҳмонов ба ӯ пешниҳод шудааст.
Ҳар як кӯдаки сеюм дар Тоҷикистон ба серӣ хӯрок намехӯрад
Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ
Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад
Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад
Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
“Либоси миллиро бо меъёри шаръӣ пӯшед”. “Ҳимоят”-и муфтии Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона”
Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон шинос шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста