Донишгоҳи Давлатии Қурғонтеппа имсол ҷашни 35-солагии фаъолияти худро таҷлил мекунад.

Ба гуфтаи ректори он Маҳмад Шодиев, донишгоҳ аз соли 1978 инҷониб фаъолият дорад ва тайи ин солҳо теъдоди омодасозии мутахассисон аз 4 ихтисос ба 35 расонида шуд.

«Донишгоҳ аз аввал чун филиали донишкадаи омӯзгории онвақта Шевченко таъсис ёфта, то соли 1992 фаолият карда, баъдан он ба донишгоҳ табдил ёфт», - қайд кард ректор.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон донишгоҳ бо тамоми дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки барои омӯзиши босифати донишҷӯён мусоидат мекунад.