Нимсолаи аввали соли равон 1 ҳазору 597 нафар занони машғул ба фоҳишагарӣ дар Тоҷикистон ошкор карда шуданд, ки 47 нафарашон ноболиғон мебошанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Сумангул Тағоева хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола шумори чунин занон дар ҷумҳурӣ меафзояд. Барои муқоиса ӯ маълумоти нимсолаи аввали соли гузаштаро мисол овард, ки он замон дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 349 нафар занони фоҳиша ошкор гардида буданд.

«Ин гуна занон асосан аз навоҳии тобеи марказ ба пойтахт меоянд. Дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон барои ошкору пешгирӣ кардани чунин ҳодисаҳо мо бисёр вақт рейдҳои муштарак мегузаронем. Ғайр аз ин, дар тамоми мулоқоту вохӯриҳо дар шаҳру навоҳӣ ба ин масъала ишора мекунем», - гуфт Тағоева.

Ӯ таъкид дошт, ки ҳангоми суҳбат бо ин гуна занон Кумита ба онҳо таҳсил дар курсҳои омӯзиши касбҳо ва ба бархе кори мушаххас пешниҳод мекунад, вале аксари онҳо ҳатто хоҳиши омӯзишро ҳам надоранд.

С.Тағоева изҳор кард, ки дар назди Кумита Маркази дастгирии ноболиғон амал мекунад, ки дар он давоми ним сол равоншиносону ҳуқуқшиносон бо ноболиғони мавриди зӯроварӣ қароргирифта корҳои барқароркуниро анҷом медиҳанд.

«Дар марказ ба онҳо ҳамчунин касбҳои гуногун омӯзонида мешавад. Пас аз мутобиқшавии ин духтарон ба ҳаёти муътадил, онҳо ба оилаҳояшон бармегарданд. Дар Кумита лоиҳаи мазкур аз соли 2009 амал дошта, шурӯъ аз соли 2011 марказ пурра аз ҷониби давлат дастгирӣ мешавад», - гуфт раиси Кумита.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи мазкур, тайи солҳои ахир шумори шаҳрвандони гирифтор ба бемории ВИЧ/СПИД афзудааст. Нимсолаи аввали соли ҷорӣ 470 нафар мубталоёни чунин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 нафар зиёдтар аст. Аз ин шумор 182 нафарашон занон ва 54 нафарашон кӯдакони синни то 14-сола мебошанд.