Ҳарорати ҳаво дар якчанд рӯзи оянда ғайричашмдошт боло меравад. Пизишкон тавсия медиҳанд, ки сокинони кишвар барои пешгирии  бемориҳо чораандешӣ кунанд.

Табиби Маркази саломатии шаҳри Душанбе Киром Раҳматуллоев ба сокинони кишвар ҳушдор медиҳад, ки дар натиҷаи дуру дароз зери офтоб истодан ё баланд шудани ҳарорати ҳаво одамон метавонанд ба бемории гармизадагӣ ё офтобзадагӣ гирифтор шаванд. Бар асари гирифтор шудан ба ин беморӣ таби бадан баланд мешавад. Агар дар зери офтоб бисёр монанд, сӯхтани пӯсти бадан, пайдоиши обилачаҳо дар пӯст, инунин дарди сару қайкунӣ ба амал меояд.

Мутахассис тавсия медиҳад, ки дар рӯзҳои гарми офтобӣ одамон бояд аз кӯлҳо ва обанборҳое истифода кунанд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои беҳдоштиянд. Ҳамчунин дар хонаҳои худ аз оби ҳаммом баҳра бардоранд.

Ба гуфтаи Киром Раҳматуллоев, дар ин рӯзҳои гармо аз истеъмоли хӯрокҳои зуд вайрон мешуда худдорӣ бояд кард. Бештар меваҳои тару тоза, шарбатҳои мева, обҳои минералиро истифода кардан ба маврид аст. Дар ин рӯзҳо шахсоне, ки бемориҳои фишорбаландӣ, ишемии дил, диққи нафас ва ғайра доранд, шиддати гарморо бештар эҳсос мекунанд. Аз ин рӯ, бояд тавсияҳои табибонро риоя созанд ва чӣ доруворие, ки зарур аст, саривақт истеъмол кунанд. Ҳамзамон дар ҷойҳои салқин, зери дарахтон, назди ҳавзҳо бошанд, то таъсири гармии офтоб камтар гардад.

Табиб афзуд, ки гармо метавонад ба кӯдакони хурдсол таъсири бештар дошта бошад. Зеро ҷисми кӯдакон бисёртар аз об иборат аст ва дар рӯзҳои гарм метавонад мубодила ва мувозинати оби организми онҳо вайрон шавад. «Аз ин рӯ, аз ҳамаи падару модарон хоҳиш мешавад, ки кӯдакони худро эҳтиёт кунанд ва дар ҷойҳои сояи зери дарахтон, назди кӯл ва ё ҳавзҳои хонаҳои худ нигоҳ доранд, ки таъсири гармо ба узвҳои дарунӣ зиёд набошад», - гуфт мутахассис.

Тавсияи духтур from AsiaPlus on Vimeo .

Бино ба иттилои сарвари Муассисаи обуҳавошиносии кишвар Маҳмад Сафаров, дар рӯзҳои 27-ум то 31-уми июл ҳаво дар вилояти Хатлон 41-48 дараҷа, дар вилояти Суғд 38-43 ва ноҳияҳои тобеи марказ 37-42 дараҷа ва дар баландкӯҳҳо 35-40 дараҷа гарм мешавад. Ҳамзамон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 33-38 дараҷа ва дар баъзе минтақаҳо то 42 дараҷа, дар шарқи вилоят 18-22 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои оянда гармии ҳаво ба 40-42 дараҷа мерасад.