Анонс

- Дар конфронси Федератсияи футболи Тоҷикистон ноиби президенти ФФТ ва аъзои нави Кумитаи иҷроия интихоб карда мешаванд. Оғоз соати 14:00 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe;

- Дастаи мунтахаби футболи Ҳиндустон ҷиҳати вохӯрӣ бо тими мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе меояд. Шоми имрӯз футболбозони Ҳиндустон ба Хуҷанд раҳсипор мешаванд;

- Дар ҶС «Тоҷиктекстил» ярмарка-фурӯши сарулибоси мактабӣ идома меёбад. Ярмарка рӯзҳои корӣ аз соати 07:30 то 18:00 фаъолият мекунад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7676 сомонӣ;

1 евро - 6.1287 сомонӣ;

1 рубли русиягӣ - 0.1486 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1945 – ИМА ба шаҳри дуюми Ҷопон – Нагасаки бомбаи атомӣ партофт.

1945 – Зодрӯзи коргардони кино Валерий Аҳадов.

1949 – Мавлуди актёр ва коргардон Юнус Юсуфов.

1974 – Зодрӯзи журналист Анора Саркорова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +14+19, рӯзона +29+34;  дар шарқи вилоят шабона +5+10, рӯзона +19+24.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +29+31.