Таҷрибаандӯзии панҷрӯзаи як гурӯҳи кормандони Раёсати хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии назди президенти Белорус имрӯз ба итмом мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни таҷрибаандӯзӣ хизматчиёни давлатии ҷумҳурӣ бо таҷрибаи кории ҳамтоҳои белоруси худ дар соҳаҳои маориф, идораи давлатӣ, рушди зербинои муассисаи идоракунии маълумоти олӣ аз наздик ошно гардиданд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар Академияи миллии илмҳои Белорус бахшида ба мавзӯи рушди инноватсионии Белорус давраи омӯзишӣ доир гардид.

«Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин бо раҳбарияти кумитаи иҷроияи вилояти Минск вохӯрда, бо фаъолияти як корхонаи бахши кишоварзӣ, ҶСК «Минский автомобильный завод», Китобхонаи миллии Бнлорус ва Осорхонаи давлатдории муосири Белорус низ шинос шуд», - афзуд сарчашмаи хабар.