Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба унвони сардабири нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода огоҳинома фиристод.

Дар мактуб бо имзои вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, ки дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» аст, зикр гардидааст, ки пас аз омӯзиши маводи «Хоруғ» аз санаи 25-уми июли соли ҷорӣ, Вазорати фарҳанг расман сардабирро аз риоя накардани қонунгузории кишвар огоҳ мекунад.

Гуфта мешавад, дар ин мавод Сайфуллозода ҳамчун сардабири нашрия бо паҳн кардани «маълумоти носаҳеҳ, носанҷида ва тӯҳматомез» ба талаботи моддаҳои 6 (Роҳ надодан ба суистифода аз озодии баён) ва 29 (Уҳдадориҳои журналист)-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» риоя накардааст.

«Дар ин робита Вазорати фарҳанг аз Шумо дархост мекунад, ки аз таҳия ва нашри маводи носаҳеҳ ва мухолиф ба қонунгузорӣ худдорӣ намоед. Дар сурати такрои амали марбут ба суистеъмол аз озодии баён, вазорат дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ чора меандешад», - баён мегардад дар нома.