ҶДММ «Комбинати гӯшти Комаричи» ноҳияи Комаричи вилояти Брянск ба қабули беш аз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ба сифати коргарони коргоҳи молкушӣ, устои барқ ва дигар коргарони қаторӣ омода аст.

Тавре сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, пас аз имзои қарордод дар бораи ҳамкорӣ ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандон мудири кулли корхона Михаил Кушнаренко дар бораи қабули коргарон аз Тоҷикистон омодагӣ изҳор намудааст.

Қарордод дар бораи ҳамкорӣ миёни Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ ва ҶДММ «Комбинати гӯшти Комаричи» санаи 12-уми август дар дафтари кории намояндагӣ дар Маскав ба имзо расид.

«Тибқи қарордод Хадамоти муҳоҷират аз Тоҷикистон мутахассисони заруриро интихоб намуда, муҳоҷирони кории тоҷик бо тамоми асноди зарурӣ таъмин ва муносибатҳои корӣ мувофиқи Кодекси меҳнати Русия ба роҳ монда хоҳанд шуд», - таъкид дошт Аҳмадов.