Соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 50 млн. $ кӯмаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ беш аз 4,5 ҳазор тонна орд, 293,6 тонна равғани рустанӣ, воситаҳои дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии зиёда аз 26,5 млн. $,  сарулибос ва пойафзол ба маблағи 1 млн. 241,7 ҳазор. $,  дигар маҳсулоти ғизойӣ, кӯрпаву ҷойхоб, дастгоҳҳои барқиву таҷҳизоти компютерӣ ва ғайра ворид гардиданд.

Дар ин давра ба Тоҷикистон 42 кишвари ҷаҳон дасти ёрӣ дароз намуданд. Дар байни кишварҳо-мададрасонон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 68,6%, Русия – 9,2%, АМА – 3%, Чин – 3%, Нидерланд – 2,7%, Австрия – 1,8%, Дания – 1,8% ва Корея – 1,4% рост меояд.