Дар Тоҷикистон  барои омода кардани тренерони маҳаллӣ оид ба модулҳои «Академияи асосҳои ТИК барои роҳбарони ҳокимияти давлатӣ» ва «Силсилаи дастурҳо дар бораи ТИКР барои ҷавонон» аз 20-ум то 23-юми август тренинги ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Тавре дар варақаи иттилоотии созмондиҳандагон зикр шудааст, давраи омӯзишии мазкур аз се бахш иборат аст: Силсиладастури аввал "Муқаддима ба ТИК барои Рушд”; Модули 9-уми Академия “ТИК барои идоракунии коҳиши хатарҳои офати табиӣ” ва Модули 10-уми Академия “ТИК, тағйири иқлим ва рушди сабз”; Модули 11-уми Академия “Медиаи иҷтимоӣ барои рушд”.

“Ба ҳайси тренерон  муаллифони маводи дарсии мазкур аз Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва Филиппин ба Тоҷикистон  даъват гардидаанд, ки ба онҳо тренерҳои маҳаллӣ кумак хоҳанд кард. Илова бар ин, аз 24-ум то 28-уми августи соли 2013 дарсҳои кушод оид ба ТИКР дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе ба нақша гирифта шудаанд. Силсилаи чорабиниҳо доир ба  омода намудани тренерон оид ба ТИКР дар Тоҷикистон қадами ҷиддиест  дар таҳкими дониши ҳам кормандони масъули давлатӣ ва ҳам устодони донишгоҳ ҷиҳати татбиқи  ТИК баҳри расидан ба ҳадафҳои рушд. Дар ин чорабиниҳо иштироки зиёда аз 150 хизматчиёни давлатӣ, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳо, коршиносони соҳаи ТИК ва журналистон дар назар аст”, - қайд гаштааст дар варақаи иттилоотӣ.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони чорабинӣ, ҳадафи асосии маводи Академия ва силсиладастурҳо рушди тавонмандии инсон баҳри татбиқи ҳушмандонаи бартариҳои ТИК дар расидан ба ҳадафҳои миллӣ мебошад. Агар силсиладастурҳо ҳамчун воситае ба устодон баҳри пайванд кардани холигоҳе, ки дар омӯзиши ТИКР дар донишгоҳҳо ба назар мерасад, хизмат кунанд,  маводи дарсии Академия барои таъмини сиёсатмадорон ва кормандони масъули давлатӣ бо донишу малакаи ТИКР таҳия гардидааст. Маркази бозомӯзии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушд (UN-APCICT/ESCAP) барои бунёди тавонмандии инсониву ниҳодии 62 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии онҳо ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола (ҲРҲ) дар онҳо таъсис ёфтааст. Бо ташаббус ва дастгирии молиявии ИҶК-БМ мутобиқсозӣ ва тарҷумаи 8 модули аввали «Академияи асосҳои ТИК барои роҳбарони ҳокимияти давлатӣ» ва «Дастур дар бораи ТИКР барои ҷавонон» ба забони тоҷики соли 2011-12 ба анҷом расид.

Давраи омӯзиши мазкурро Маркази бозомӯзии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ  дар якҷоягӣ бо Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет баргузор мекунанд.