Дар зарфи шаш моҳи соли равон шумори аҳолии Тоҷистон 78 ҳазор нафар зиёд шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар саросари мамлакат таваллуди беш аз 94 ҳазор нафар тифлон ва каме зиёдтар аз 16 ҳазор нафар фавтидагон ба қайд гирифта шудааст.

Дар Агентии омор зикр карданд, ки ба ҷуз вилояти Суғду шаҳри Душанбе, дар манотиқи дигари кишвар афзоиши шумори аҳолӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҳамин тариқ, дар ВМКБ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта соли ҷорӣ шумори таваллуд 1,4% ё худ 2,2 ҳазор, вилояти Хатлон – 6,1% ё худ 37,3 ҳазор ва навоҳии тобеи марказ – 0,7% ё худ 22,7 ҳазор нафар афзуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта соли равон шумори таваллуд дар вилояти Суғд 3,7% ё худ 26, 4 ҳазор нафар ва шаҳри Душанбе – 1,9% ё худ 5,5 ҳазор нафар коҳиш ёфт.

Ба иттилои манбаъ, дар қиёс бо соли гузашта шумори фавтидагон дар 6 моҳи соли равон ба андозаи 9,7% коҳиш ёфтааст. Нисбат ба соли гузашта шумори фавтидагон дар нимсолаи аввали соли равон дар ВМКБ – ба миқдори 21% ё худ 531 нафар, вилояти Суғд – 12,7% ё худ 5,6 ҳазор нафар, Хатлон – 10,6% ё худ 5,3 ҳазор нафар, навоҳии тобеи марказ 1,3% ё худ 3,4 ҳазор нафар ва шаҳри Душанбе – 7,4% ё худ 1,3 ҳазор нафар камтар гардидааст.

Қобили зикр аст, ки шумори аҳолии Тоҷикистон ҳамасола ба миқдори 200 ҳазор нафар афзуда, ба 8 млн. нафар наздик мешавад. Тӯли 21 соли даврони истиқлолият шумори аҳолии мамлакат беш аз 4,2 млн. нафар зиёдтар шуд.