Шурӯъ аз 14-ум то 16-уми августи соли равон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Анҷумани Миллии ВАО-и Мустақили Тоҷикистон «АМВАОМТ» семинар-тренинг дар мавзӯи «Барномарезии стратегии фаъолияти ВАО» гузаронида шуд.

 Дар ин семинар мушовири байналмилалӣ Марек Бекерман (Media Action), раиси АМВАОМТ Нуриддин Каршибоев, ҳамоҳангсози тренинг Нодира Раҳмонбердиева ва сардабирони рӯзномаҳо, телевизионҳо ва радиоҳои маҳалливу минтақавӣ иштирок доштанд.

Иштирокдорон дар ҷараёни семинари серӯза бо  мавзӯҳои «Ҷанбаи аҳамиятноки ВАО», «Нақши барномарезӣ дар фаъолияти ВАО», «Муқаддимаи барномарезии стратегӣ», «Барномарезии стратегии ВАО», «Ҳамоҳангии маъмурияти ВАО ва стратегия», «Василаҳои татбики аҳдофи стратегия», «Сохтори ВАО» ва ғайр ошноӣ пайдо карданд.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» раиси АМВАОМТ Нуриддин Каршибоев иттилоъ дод, ҳадафи асосии семинар-тренинги мазкур такмили малакаҳои менеҷерон ва раҳбарони ВАО ҷиҳати интихоб ва коркарди барномарезии стратегӣ буда, ба хотири таъмини рушди уствори ВАО равона шудааст.