Муовини аввали раиси Хадамоти мухоҷирати назди ҳукумати ҶТ Анвар Бобоев зимни вохӯрӣ бо котиби дуввуми Сафорати ИМА дар ҶТ оид ба масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ Ҳизер Ҷонстон иброз дошт, ки наздики 30 % муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ватан бо касалиҳои гуногун бармегарданд.

«Ин омил моро водор месозад, ҷиддан бобати ташкили марказҳои реинтегратсионӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ андеша кунем»,-гуфт Бобоев.

Ба қавли вай, аллакай байни Хадамоти мухоҷират ва Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ созишнома имзо шудааст, ки тибқи он ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз сафар ва баъд аз бозгашт ба ватан бояд аз ташхиси тиббӣ гузарад.

Бобоев зикр кард, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти мавҷуди муҳоҷирони тоҷик ҳавасманд аст ва ба танзими раванду тартиби муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса ҷудо мекунад.

Мавсуф аз  сафири амрикоӣ хост ба татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ ва таъсиси марказҳои базавӣ (заминавӣ) мусоидат намояд. Дар ин гуна марказҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ба омӯзиши забони хориҷӣ пардохта метавонанд соҳиби касбу ихтисосҳои муосире шаванд, ки ҳам дар бозорҳои меҳнатии Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои хориҷа дархостиянд.

Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо ва ҳалли мушкилоти дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ҷойдошта ба тавофуқ расиданд.

Тибқи маълумоти омории Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ беш аз 655 ҳазор нафар  аз Тоҷикистон  ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки ба 16,2% нисбати ҳамин давраи соли гузашта бештар аст. Моҳҳои январ ва июли соли ҷорӣ бештар аз 362 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ватан баргаштаанд.

Дар ниҳоди муҳоҷиратӣ зикр карданд, новобаста аз он, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар маҷмӯъ майл ба афзоиш дорад, суръати болоравии муҳоҷирати меҳнатии ҳармоҳа баъд аз авҷаш дар моҳҳои марту апрел, тадриҷан ру ба коҳиш ниҳода истодааст.

«Моҳи июл шумори муҳоҷирони меҳнатӣ андак бештар аз 84 ҳазор нафарро ташкил дода буд,ки ҳамагӣ ба 0,2 дарсад назар ба моҳи июн бештар аст»,-афзуданд дар Хадамоти муҳоҷират.