Имрӯз дар ҷаласаи 9-уми Кумитаи раҳбарии Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии захираҳои обӣ дар шаҳрҳо, ки дар Душанбе мегузарад, мушкилоти мавҷуда дар истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик баррасӣ шуданд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони вазоратҳои мелиоратсия ва захираҳои об ва ҳамчунин энергетикаи Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Уммон ва Бангладеш ширкат доранд.

Муовини вазири энергетика ва оби Эрон Алиризо Доимӣ қайд кард, ки сол то сол ҳарорат гарм шуда, ба иқлими тамоми ҷаҳон таъсири манфӣ мегузорад. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи нодурусти захираҳои обӣ натанҳо ба бадшавии вазъи иқлим, балки ба муносибатҳои байни кишварҳо низ таъсир мерасонад.

Намояндаи Вазорати об ва энергеткаи Афғонистон Султонмаҳмуд Маҳмудӣ дар навбати худ зикр кард, ки агар мушкилоти камбуди об саривақт ҳал нагардад, ба мушкилоти зиёди кишварҳо дар минтақа ва мухолифатҳои минбаъда боис шуда метавонад.

«Бар асари камбуди об дар Афғонистон сол то сол натанҳо камбизоатӣ ривоҷ меёбад , балки шумори маргумир миёни кӯдакону пиронсолон меафзояд. Соли 2013 маргумир миёни кӯдакони аз 5-сола хурдтар маҳз ба иллати камбуди об 22% зиёд шуд», - гуфт ӯ.

Намояндаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Қодир Алиев изҳор намуд, ки ҳарчанд Тоҷикистон кишвари доро аз нигоҳи захираҳои обӣ маҳсуб ёбад ҳам, имрӯз мушкилоти таъминот бо оби 47%-и заминҳои кишт мавҷуд аст ва ин мушкилот бештар ба он вобаста аст, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон мушкилоти норасоии иншооти обёрикунанда ба миён омад.