Дар Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон марҳилаи ниҳоии лоиҳаи Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) оид ба аз байн бурдани меҳнати кӯдакон оғоз гардид.

Бино ба маълумоти радиои СММ, дар ин се кишвари Осиёи Марказӣ мушкилоти истифодаи меҳнати кӯдакон бештар чашмрас аст.

Ба гуфтаи раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон Азизбек Шарифов, лоиҳаи СБМ таҳти унвони «Барҳам додани меҳнати кӯдакон дар Осиёи Марказӣ – аз уҳдадорӣ ба амал» аз соли 2010 амалӣ мегардад.

Ӯ зикр кард, ки агар бо амалисозии лоиҳаи мазкур аз байн бурдани истифодаи меҳнати кӯдакон комилан муяясар нагардад ҳам, ба ҳар ҳол ба маҳдуд кардани шаклҳои бадтари он метавон муваффақ гардид.

«Дар мубориза бо шаклҳои бадтарини истифодаи меҳнати кӯдакон мо дар канор буда наметавонем ва аз ин рӯ, бар ин назарем, ки яке аз қисматҳои муҳимтарини фаъолияти корфармоён бояд таҳкими мубориза алайҳи истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон бошад», - таъкид дошт Шарифов.

Қобили зикр аст, ки шаклҳои бадтарини исифодаи меҳнати кӯдакон аз шуғли онҳо дар иқтисодӣ ғайрирасмӣ, истифодаи онҳо бо мақсадҳои истисмори шаҳвонӣ, кор дар кӯчаву хиёбонҳо, маҷбур кардан ба садақаталабӣ, дуздиҳои хурд ва фурӯши маводи мухаддир иборат аст.