Чанде қабл дар мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, бо дарназардошти  фарорасии соли нави таҳсили мактабиён Маҳмадсаид Убайдуллоев масъулини соҳаҳои зидахлро муваззаф сохт, ки нисбати бо маводи ғизоӣ таъмин кардани муассисаҳои системаи маорифи шаҳр чораҳои қатъӣ андешанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масоили омодасозии шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, беҳдошти ҳолати зиддисӯхторӣ дар бинову иншоот ва ташкилоту идораҳо, риояи танзими расму оин дар баргузории ҷашну маъракаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар қаламрави шаҳр низ баррасӣ шуданд.

«Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро ба омодагии шаҳр ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, нигаронида дастур фармуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби шаҳрдорӣ тасдиқ гардида анҷоми корҳои пешбинишударо таъмин созанд», - зикр мегардад дар иттилои мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи барномаи конфронс мақомоти шаҳрдории пойтахт рӯзи 21-уми август маросими қабул барои иштирокчиёни ин чорабиниро баргузор мекунад.