Дар чорабинии мавзӯӣ таҳти унвони «Таҳлили сенарияҳо барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ҳавзаи баҳри Арал» иштирокчиёни Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об масоили танзими оқилонаи захирахои обии ҳавзаи бахри Аралро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки муколамаҳо дар мавзӯи низоми алтернативии идоракунии захираҳои обӣ идома доранд, вале оид ба усулҳои тақсимоти захираҳои обӣ ҷонибҳо назари хеле гуногун дошта, идоракунии захираҳои обии минтақавии ҳавзаи бахри Арал раванди мушкил аст.

«Бинобар сабаби зуҳури тамоилҳои иқтисодӣ ва демографӣ, афзоиши талабот ба нерӯи барқ ва маҳсулоти ғизойӣ, тағйирёбии иқлим ин мушкилот бештар гардида, таҳлили сохтори робитаи мутақобилаи хоҷагии обу энергетика ва кишоварзии минтақаи Осиёи Марказӣ қабули тарзи инноватсионӣ ба мисли «андешаронии сенариявӣ»-ро тақозо мекунанд», - зикр кард зимни ибрози андешаи худ намояндаи Комиссияи иқтисодии Аврупо Бо Либерт.

Ба гуфтаи ӯ, «андешаронии сенариявӣ» аз раванди машварати бисёрҷониба ҷиҳати номуайян будани дурнамои дарозмуҳлат мавриди истифода бояд қарор бигирад. Бо мақсади омӯзиши методҳои имконпазири беҳбуди идоракунии захираҳои об, якчанд намунаҳои таҷрибаи он дар ҳавзаҳои фаромиллӣ пешниҳод гардид.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз 20 сол қабл миёни панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон оид ба идоракунӣ, истифода ва ҳифзи муштараки захираҳои обии фаромиллӣ созишнома ба имзо расида буд. Бо мақсади ҳалли масоили муҳим, аз ҷумла пешгирии фалокати экологӣ, бо ташаббуси сарони кишварҳо Бунёди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал таъсис дода шуд.

Бино ба маълумоти коршиносон, чанд даҳсола пеш шумори аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ 40 млн. ва имрӯз 63 млн. нафар ва майдони заминҳои обёришаванда мутаносибан каме бештар аз 2,5 млн. ва имрӯз беш аз 9 млн. гектарро ташкил медиҳанд ва ин маънои онро дорад, ки истифодаи об даҳҳо маротиба афзудааст.