Мақомоти шаҳрдории пойтахт баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳа ва интихоби пудратчии асосии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар ш. Душанбе» озмуни такрорӣ эълон намуд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе, пас аз эълони озмун моҳи феврали соли 2013, як қатор лоиҳаҳо пешниҳод гардида, вале онҳо ба талаботи озмун ҷавобгӯ набуданд, аз ин рӯ, натиҷаҳои онҳо бекор шуморида мешаванд.

«Муҳлати пешниҳоди аризаҳо барои иштирок дар озмун то 21-уми сентябр муқаррар шуда, онҳо на дертар аз 25-уми сентябр дар ҷаласаи комисиияи озмун баррасӣ мешаванд», - хабар медиҳад мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати комиссияи озмун таҳти роҳбарии президенти Академияи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Баҳоваддин Зуҳуриддинов ба ҷуз намояндагони ташкилотҳои лоиҳакашии ҷумҳуриявӣ ва пойтахт, коршиноси байнулмилалӣ оид ба баҳодиҳӣ ба амволи ғайриманқул Франк-Михаэл Адам низ шомил аст.

Ёдрас мекунем, ки бунёди аквапарки пойтахт ҳанӯз соли 2003 аз ҷониби ширкати туркии «Эмек Прожект Лимитед Ширкати» оғоз гардида, вале ширкат уҳдадориҳои худро оид ба сохтмони иншоот ба иҷро нарасонид.

Пас аз 5 моҳи имзои қарор ширкати туркӣ бо ишора ба ҳолати ғайримунтазира корҳои сохтмонро қатъ намуд. Моҳи феврали соли 2003, замони имзои қарордод ширкат ният дошт, ки масолеҳи сохтмонро аз Русия харидорӣ намояд, вале моҳи дигар нархи онҳо 200% боло рафта, он сабаби қатъи корҳои сохтмонӣ шуд.

Аквапарк яке аз таркибҳои маҷмааи «Пойтахт-80» мебошад, ки ифтитоҳи он бояд 15-уми ноябри соли 2004 доир мегардид.