Сарояндаи маъруфи тоҷик Сурайё Қосимова барои вайрон кардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар робита бо таҷлили зодрӯзи худ дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт ҷаримабандӣ шуд.

Тавре ба «АП» сардори раёсати танзими ҷашну маросимҳои Кумитаи умури дини назди ҳукумати Тоҷикистон Азизулло Мирзоев хабар дод, сароянда аз ҷониби додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

С. Қосимова моҳи апрели соли ҷорӣ зодрӯзи худро бо ҳузури 60 нафар меҳмонон дар тарабхонаи «Привал охотника»-и шаҳри Душанбе ҷашн гирифтааст.

«Рӯзигул Ёрмаҳмадова, ки худро духтари С.Қосимова муаррифӣ намуд, ин далелро тасдиқ намуда, иброз дошт, ки бо ин тарз ба модарашон пас аз бемории тӯлонӣ як туҳфае пешкаш карданӣ будаанд»,-иброз дошт намояндаи Кумита ва ҳамчунин афзуд, ки ба ин тартиб моликони тарабхонае, ки сарояндаи тоҷик зодрӯзашро ҷашн гирифт, ҷарима баста шуд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»,  ки соли 2007 қабул шудааст, зодрӯз ихтиёран фақат  дар доираи хонавода ҷашн гирифта мешавад. Вайрон кардани қонуни мазкур ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баробар аст ва дар нисбати ашхосе, ки бар хилофи ин қонун амал мекунанд, ҷарима пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷми онро додгоҳ муайян мекунад.

Тибқи баъзе маълумот, ҳаҷми ҷарима ба созмондиҳандагони ҷашн метавонад аз 4 то 20 ҳазор сомониро ташкил диҳад.