Ҷамъе аз фаъолон ба хотири пуштибонӣ аз роҳбари ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, ки айни замон дар Дубай дар ҳабс қарор дорад,  ба СММ, Human Rights Watch, Amnesty International ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар муроҷиат намуданд.

Дар муроҷиатнома зикр мегардад, ки Умаралӣ Қувватов, сиёсатмадор ва раҳбари ҷунбиши сиёсии «Гурӯҳи 24» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар боздошт аст. Ӯро моҳи январи соли ҷорӣ ҳангоми убур аз ин кишвар, ба дархости ҳукумати Тоҷикистон боздошт ва ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ин сиёсатмадори тоҷик як силсила иттиҳомотеро ворид кардааст. Бар пояи гуфтаи вукалои мудофеъи Қувватов, бо ин ки ҳеч як аз ин иттиҳомот собит нашудаанд, вале ин додгоҳ баъд аз баргузории ду давра аз ҷаласаи дидгоҳ, тасмим дорад ӯро ба Тоҷикистон истирдод намояд.

«Танҳо ҷурми Умаралӣ Қувватов ин аст, ки ӯ аз ҷиноятҳои бархе аз доираҳои ҳукуматӣ ва бавижа раъси ҳирами қудрат дар Тоҷикистон дар ҳаққи мардум парда бардошт ва бо аснод ва мадорики мувассақ ба ифшосозии онҳо аз тариқи расонаҳо пардохт. Мо мӯътақидем, ки Умаралӣ Қувватов фақат ба хотири ҳамин ифшосозияҳош боздошт шуда ва инак ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон истирдод шавад», - баён мегардад дар муроҷиатнома.

Ба андешаи фаъолон, агар ин сиёсатмадори тоҷикро ба Тоҷикистон баргардонанд, ӯро ё марг дар интизор аст ва ё озору азияту шиканҷа. «Аз тамомии замирҳои бедор дар ҷаҳон ва бавижа созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар тақозо мекунем, нагузоранд ин сиёсатмадори тоҷик ба Тоҷикистон истирдод шавад», - гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Зери матни муроҷиатнома ҳудуди 200 нафар фаъолон, аз ҷумла ҳамсари боздоштшуда Қумрӣ Ҷабборова, роҳбарони ҳаракати «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев, Ҳаракати миллии Тоҷикистон Темур Варқӣ, адвокати ӯ Николай Николаев ва афроди ҷудогона Бахтиёр Сатторӣ, Парвиз Расулов, Саидюнус Истаравшанӣ, Нуриддин Маҳкамов, Ботур Қосимӣ, журналистон Дориюши Раҷабиён, Халил Қаюмзод, Равшан Темуриён, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Воҳидҷон Қосиддинов, шоир Абдулқодир Алавӣ ва дигарон имзо гузоштаанд.