Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ аз 31-уми август то 9-уми сентябр дар шаҳри Душанбе амалиёти махсуси «Кӯдакон»-ро доир менамояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА РКД-и пойтахт Шерафган Латифов хабар дод, амалиёт дар робита ба оғози соли хониш дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва пешгирии садамаҳои нақлиёт бо иштироки толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ гузаронида мешавад.

Ба қавли ӯ, айни замон Раёсати БДА як силсила овезаҳои таблиғотӣ дар мавзӯи «Ҷароҳатбардории кӯдакон дар садамаҳои нақлиёт»-ро омода намудааст, ки дар макотиби таҳсилоти умумӣ паҳн карда мешаванд.

«Дар доираи амалиёт кормандони БДА то 1-уми сентябр кӯчаву гузаргоҳҳои назди мактабҳоро аз назар гузаронида, дар сурати зарурат дар онҳо аломатҳои махсуси иловагӣ насб мекунанд», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи аввали соли хониш кормандони БДА бо толибилмон дар мактабҳо мулоқот ороста, ба онҳо қоидаҳои асосии бехтарии ҳаракат дар роҳро шарҳ медиҳанд ва навбатдории муштараки омӯзгорону кормандони БДА дар роҳҳо ташкил мегардад.

«Аз оғози сол танҳо дар пойтахти кишвар 43 ҳодисаи садамаи нақлиёт бо иштироки кӯдакон рух дод, ки бар асари он як кӯдак ҳалок ва 44 нафар кӯдакон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд», - афзуд номбурда.