Дар ҳошияи иштирок дар кори мушовараи муттаҳидаи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикисону Русия дар шаҳри Екатеринбург, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо намояндагони диаспораҳои тоҷикони ҳавзаи федералии Урали Русия вохӯрӣ гузаронид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов нахуст дуруду паёми гарму самимонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми шарафманди Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ менамоянд, расонида, иброз намуд, ки «Воқеан ба дӯши ҳар як нафаре, ки дур аз Ватан қарор дорад, масъулияти басо муҳими ҳассос, кору таҳсил, ранҷу заҳмат ва ҳалли мушкилоту масъалаҳое меистанд, ки ҳамарӯза пешорӯи онҳо қарор гирифта, ҳалли ногузири худро тақозо менамоянд».

Вазири корҳои дохилӣ ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии ҷашни бузургу тақдирсози миллати тоҷик – Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муборакбод намуд. Дар рафти мулоқоти пурмӯҳтаво байни вазири корҳои дохилӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва намояндагони васеи диаспораҳои тоҷик дар округи Урали Федератсияи Россия сӯҳбати озоду самимӣ ва саволу ҷавоб доир гардида, Рамазон Раҳимов ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дод.

Дар фарҷом ансамбли овозадори «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо сурудҳои ҷаззобу дилкаши худ табъи ҳозиринро болида намуд.