Имсол занги аввал дар макотиби Тоҷикистон санаи 1-уми сентябр садо медиҳад. Таҷлили Рӯзи дониш бо иштироки сарвари давлат дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар назар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ хабар доданд, санаи 1-уми сентябр дар тамоми макотиби Тоҷикистон аз соати 8 то 9 ба муносибати Рӯзи дониш ҷамъомади ботантана доир мегардад. Пас аз ҷамъомад рӯзи аввали хониш оғоз мегардад.

Ба иттилои манбаъ, алҳол шумори толибилмони синфи як дар саросари кишвар маълум нест ва он рӯзи 10-уми сентябр мушаххас мегардад.

Дар ҳамин ҳол, шумори умумии ба макотиби олӣ дохилшудагон дар соли равон беш аз 36 ҳазор нафр пешгӯӣ мешавад. То ҳанӯз шумори донишҷӯёни соли аввал маълум нест, зеро дар баъзе макотиби олӣ имтиҳонҳо то ҳанӯз идома доранд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҳудуди 165 ҳазор нафар пой ба остонаи макотиби таҳсилоти умумӣ гузоштанд.