Хатмкардагони факултаҳои омӯзгории макотиби олӣ дар вилояти Хатлон ба ишғоли ҷойҳои кории худ дар муассисаҳои таълимии минтақа шитоб надоранд.

Мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ҷиҳати ҳаллу фасли масъала тавассути ҷудо кардани қитъаҳои замин ба омӯзгорони ҷавон барои сохтмони манзил кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Масалан, тайи солҳои ахир 2 ҳазору 740 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 961 омӯзгори ҷавон соҳиби қитъаи замин гардиданд. Ғайр аз ин, ба 124 нафар омӯзгорони ҷавон қарзи имтиёзнок ҷудо шуда, ба 30 омӯзгор барои хоҷагии ёрирасон қитъаи замин ҷудо гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, ҳукуматдорон ҳамчунин мушкилоти норасоии муассисаҳои томактабӣ дар минтақаро ҳал карданианд. Ҳамин тариқ, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ 5 муассисаи томактабӣ дар вилояти Хатлон ба истифода дода шуд. Иншооти нав барои 700 нафар кӯдакон пешбинӣ шудаанд. Яке аз кӯдакистонҳо барои 300 нафар дар ноҳияи Бохтар аз ҳисоби маблағи соҳибкорӣ маҳаллӣ бунёд гардид.

Айни замон дар вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 109 кӯдакистон ва 350 маркази рушди кӯдакон фаъолият дошта, фарогири беш аз 20 ҳазор нафар кӯдакон мебошанд. Минбаъд низ сохтмони муассисаҳои томактабии ҳам давлативу ҳам хусусӣ идома меёбад.