Анонс

- Фармондеҳи ситоди нерӯҳои хушкигарди артиши Покистон генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ бо сафари серӯза ба Душанбе ташриф меорад;

- Вохӯриҳои ҷавобии даври 1/8 финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон. «Парвоз» - «Бохтар», «Куктош+С» - «Истаравшан», «Истиқлол» - «Хуҷанд». Оғози бозиҳо соати 16:30;

- Идомаи намоишгоҳи мултимедиявии «Боғи умед. Саёҳат ба ҷаҳони гуногуншаклии биологии Тоҷикистон» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон.  

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7672 сомонӣ;

1 евро - 6.2249 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1485 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1904 – Ронандаи автомобил бори нахуст барои баланд кардани суръат ба зиндон маҳкум гардид.

1936 – Таъсиси ширкати автомобилии «Тойота».

2000 – Президенти ҶТ Э.Раҳмонов ва пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Оғо Хони IV Созишнома дар бораи таъсиси Донишгоҳи байнулмилалии Осиёи Марказӣ дар Хоруғро ба имзо расониданд.

2003 – Ҳавопаймои мусофирбари нахустин аз Кобул ба фурудгоҳи Душанбе омад.

855-925 – Зодрӯзи мутафаккири форсу тоҷик Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ.

1916 – Мавлуди фолкоршиноси рус ва тарҷумон Мирра Явич.

1931 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, академики Академияи илмҳои омӯзгорӣ ва иҷтимоии Русия, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, профессор Мансур Бобохонов.

1942 – Мавлуди фарҳангшинос Эрна Гейзер.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +28+33.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +11+16, рӯзона +26+31;  дар шарқи вилоят шабона 0+5, рӯзона +14+19.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.