Шабакаҳои радиову телевизиони тоҷик акнун дар шакли қабули онлайн дар сомонаи GLWIZ низ дастрасанд.

GLWIZ таъминкунандаи бузургтарини байнулмилалии WebTV дар ҷаҳон буда, дар ИМА сабтином шудааст. Он дастрасӣ ба барномаҳо бо забони форсӣ (тоҷикӣ)-и шабакаҳои телевизион ва радиои ИМА, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Арманистон барои даҳҳо миллион тамошобинон дар саросари ҷаҳонро таъмин мекунад.

Муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Саидалӣ Сиддиқов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки шбакаҳои телевизиони тоҷикро бо суроғаи http://www/glwiz.com  в раздел AKATAA.TV . метавон тамошо кард.

Дар торнамои ширкати GLWIZ аз тамошо ва шунавидани барномаҳои Шабакаи аввали Тоҷикистон, ТВ «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», Радиои Тоҷикистон, шабакаҳои радиои «Садои Душанбе», «Овози тоҷик» ва «Фарҳанг» метавон баҳра бурд.

«Солҳои ахир шумори шахсоне, ки маълумотро тавассути Интернет ба даст оварданианд, меафзояд. Дар ин робита Кумита ба тавсеъаи қабули барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизиону радио тариқи қабули онлайн оғоз намуд», - иброз дошт Саидалӣ Сиддиқов ва илова намуд, ки то ҳанӯз пахши шабакаҳои телевизиону радиои тоҷик тавассути Интернетро чанде аз сомонаҳои маҳаллӣ ба роҳ монда буданд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми қабули онлайн тамошобин дар як вақт метавонад дар бораи барнома, муаллифони он, мавзӯи барномаҳои оянда ва дигар мавод дар ин мавзӯъ тавассути Интернет маълумоти иловагӣ дархост намуда, шарҳи худро гузорад ва аз бойгонии барномаҳо низ истифода кунад.

Қобили зикр аст, ки GLWIZ бо ширкатҳои дар ҷаҳон маъруфи телевизиону радио, аз қабили Euronews, BBC, VOA («Голос Америки»), PMC ва ғайра низ ҳамкорӣ дорад.