Рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Кӯрғонтеппа ба хотири дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё, Баҳром Ғафурӣ, Фарзонаи Хуршед ва дигарон таҳти унвони «Садои дилҳо» консерти хайрия доир мегардад.

Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, Вазорати тандурустӣ, ширкати «Rusaid» ва маркази продюсерии Суҳроб Забиров шарикони консерти хайрия мебошанд.

Лоиҳаи мусиқавии «Садои дилҳо» ташаббуси шаҳрвандӣ ба хотири пуштибонӣ аз муҳоҷирони корӣ, ҳамватанони ниёзманд ба дастгири иттилоотиву ҳуқуқӣ ва кӯдакони эҳтиёҷманд ба кӯмаки ройгони тиббӣ аст.

Ташаббускори консерти хайрия, продюсер Суҳроб Забиров дар робита ба чорабинии мазкур чунин изҳори назар кард: «Мо бо камоли хушнудӣ баҳри дастгирии насли наврас саҳми ночизе гузошта, боварӣ дорем, ки консерти мо қалбҳоро гарму хотироти фаромӯшношуданӣ боқӣ мегузорад. Ба туфайли ин чорабинӣ, мо насли наврасро ҳам дастгирӣ мекунем, ки ба онҳо ғамхории махсус зарур аст ва таваҷҷуҳи ҷомеаро ба масоили рӯзмарраи марбут ба муҳоҷирони корӣ ҷалб карданием».

Сарояндаи шинохта Баҳром Ғафурӣ изҳори умедворӣ намуд, ки чорабинӣ рӯҳияи таомшобинонро болида хоҳад сохт. «Мо ба шоду мамнун кардани ҳаводорони суруду мусиқӣ бо эҷоди худ ва дастгирии чунин ташаббуси хуби иҷтимоӣ омодаем», - гуфт ӯ.